Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати «Газпром»-и Русия барои анҷоми амалиёти ҳафру истихроҷ дар ду чоҳи гази табии Тоҷикистон 13 миллион доллар ихтисос додааст.

Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ин хабарро Кирилл Кравченко, муовини раиси ширкати «Газпром» пас аз дидору мулоқотҳояш дар Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи оқои Расулӣ, феълан, амалиёти ҳафру истихроҷи ширкати «Газпром» дар чаҳор кони гази табии Тоҷикистон ҷараён дорад ва аммо ихтисоси 13 миллион доллар танҳо марбути ду кони бузурги газ дар кишвар будааст.

Оқои Расулӣ мегӯяд, дар зимн ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин аз ширкати «Газпром»-и Русия дархост кардааст, ки дар бунёди корхонаҳои муштараки марбут ба тармими нақлиёт ва истгоҳҳои таъминоти нафту газ дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон мусоидат кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар ду соли қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати «Газпром» пешниҳод карда буд, ки бунёди се нирӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшонро сармоягузорӣ кунад. Ва дар зимн оқои Раҳмон ба масъулини ин ширкати русӣ ваъда дода буд, ки бар ивази бунёди ин нирӯгоҳҳо ба «Газпром» иҷозаи гузаронидани амалиёти ҳафру истихроҷ дар конҳои бузурги гази табии кишварашро хоҳад. Ба ҳамин тартиб, дар баҳори соли гузаштаи 2006 Тоҷикистон ва ширкати «Газпром»-и Русия дар мавриди бунёди корхонаи муштараки кашфу истихроҷи захоири газ ба мувофиқа расиданд.

Ширкати «Газпром» тасмим гирифта буд, ки барои анҷоми амалиёти кашшофии конҳои гази Тоҷикистон дар солҳои 2006 ва 2007 ҳудуди 18 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ва аммо иқдоми ахири сармоягузории ин ширкат аз замони ба мувофиқа расидан то кунун тасмими нахустин ва ҷиддии сармоягузории «Газпром» дар Тоҷикистон аст.

Бар тибқи иттилоъи Бунгоҳи геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон захираи 231 миллиард метри мукааб гази табиӣ мавҷуд аст, ки ҳаҷми бештари он дар қаламрави Тоҷикистон мебошад. Феълан, дар Тоҷикистон чаҳор кони бузурги газ, бо шумули Сариқамиш, Шоҳамбарӣ, Ренгон ва Саргазон маълум аст, захираи онҳо бештар аз 1 миллиард метри мукааб гази тахмин мешавад.

XS
SM
MD
LG