Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - дар давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2008


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони то 19-сола, ки соли 2008 дар Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё дар бозии охирини худ дар гурӯҳи «С» бар дастаи мизбон - Қатар бо натиҷаи 4 бар 0 ғалаба карда, бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтанд.

Дастаи Сурия бо 7 имтиёз дар мақоми дувум аст. Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин, ки рӯзи 14-уми ноябр миёни тимҳои Бутан – Сурия ва Туркманистон – Қатар доир мегардад, дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ҷадвали бозиҳои Тоҷикистон:

06 ноябр:Тоҷикистон4-0Туркманистон
08 ноябр: Тоҷикистон1-1Сурия
10 ноябр Бутан 0-8Тоҷикистон
12 ноябр: Қатар0-4Тоҷикистон

Боз шаш дастаи мунтахаби ҷавонони кишварҳои дигари қора ба ҳаққи ширкат дар давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мушарраф шуданд. Инҳо дастаҳои Узбакистон ва Яман, аз гурӯҳи «D», Чин ва Кореяи Шимолӣ, аз гурӯҳи «F», Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия, аз гурӯҳи «G» мебошанд. Мубориза барои дарёфти шаш роҳхати дигар ба марҳилаи ниҳоӣ дар гурӯҳҳои «А», «В» ва «Е» идома дорад.

XS
SM
MD
LG