Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоми шиканҷаи маҳбусони афғон рад шуд


Сухангӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон иттиҳоми шиканҷаи маҳбусонро рад кардааст.

Дар гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty

International ва ё Афви байналмилалӣ, ки ахиран ба табъ расид, аз паймони НАТО дархост шудааст, интиқоли маҳбусон ба дасти мақомоти афғонро қатъ намояд. Ба қавли ин созмон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки мақомоти афғон онҳоро латту кӯб менамоянд.

Вале сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон Саид Ансорӣ иброз дошт, ки муомила бо маҳбусон тибқи қонун сурат мегирад.

Нато пешниҳоди худдорӣ аз интиқоли маҳбусони афғонро қабул накард. Ба қавли сухангӯи паймон муомила бо маҳбусон бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо машварати Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар танзим шудааст.

XS
SM
MD
LG