Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бҳутто: "Мушарраф ба истеъфо!"


Собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто аз Парвез Мушарраф даъват кардааст, ки аз вазифаи президенти кишвар истеъфо диҳад.

Бҳутто аснои сӯҳбати телефонӣ бо шабакаи телевизионии Sky News гуфт, ки президент Мушарраф дур аз дастрасӣ буда, ҳоло беҳтарин вақти истеъфои ӯ мебошад.

Бҳутто дар шаҳри Лоҳур дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Мақомоти Покистон амалиёти бузурги амниятӣ роҳандозӣ намуда, имкон надоданд, ки Бҳутто раҳпаймоии эътирозӣ бар зидди президент Мушаррафро сарварӣ кунад.

Собиқ сарвазири Покистон мехост раҳпаймоии 300 километраи корвони мошинҳоро бо тақозои истеъфои Мушарраф аз мансаби сарфармондеҳи артиш, лағви вазъи фавқулода ва раҳоии фаъолони боздоштшуда озими Исломобод намояд.

Мақомоти Покистон, ки даҳ рӯз инҷониб вазъи фавқулода ҷорӣ намудаанд, бо сабабҳои амниятӣ Бҳутторо ба муддати ҳафт рӯз дар хонааш ҳабс карданд. Онҳо мегӯянд дар вазъи фавқулода доир намудани раҳпаймоӣ манъ мебошад.

XS
SM
MD
LG