Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ободонӣ дар Балҷувон


Дар маркази ноҳияи Балҷувон нахустин боғчаи бачагон ба истифода дода шуд.

Ба иттилоъи дастгоҳи ҳокимияти давлатии ноҳия ин боғча 50 кӯдакро қабул карда метавонад. Дар инҷо ба фарзандони мардум ҳама шароит барои истироҳату бозӣ ва машғулиятҳои муфид фароҳам оварда шудааст.

Гуфта мешавад, барои сохтмони ин кӯдакистон 1миллиону 54 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Чунонки дар дастгоҳи ҳокимияти ноҳия хабар доданд, дар ҳоли ҳозир дар маркази ноҳия сохтмони маркази фарҳангӣ дар 40 ҳектор ва дигар иншооти иҷтимоъӣ оғоз шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бинои шуъбаи молиёти маъмурияти ноҳия ба истифода дода шуда, сохтмони бинои додгоҳи ноҳия ва хонаи истиқоматии 12-манзила бо суръати баланд идома дорад.

XS
SM
MD
LG