Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони сокини ноҳияи Нуробод бо ҳамсар ва модараш дар манзили иқоматашон парронида шудаанд. Писари 1,5 - солаи ин ҷавон захм бардоштааст.

Ин ҳодиса шоми якшанбе дар деҳаи Кабудиёни ҷамоати Самсориқи ноҳияи Нуробод рух додааст.

Зикриё ном сокини тақрибан 25-30 солаи ин деҳа ду рӯзи қабл аз фоҷеа аз Русия бозгашта будааст. Шоми фоҷеа ба хонаи ӯ ҳуҷум оварда аввал ӯ ва ҳамсарашро лату кӯб кардаанд ва сипас онҳо ва модари Зикриёро парронидаанд. Писари якунимсолаи ин хонадон захм бардоштааст.

Олим Одилов - ҷонишини сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккили Вазорати умури дохила дар минтақаи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва мақомот дар маҳалли ҳодиса тафтиш мебаранд. Ҷаноби Одилов ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтиш аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.

Аммо тавре ҳамдеҳагони кушташудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ягон нишонаи дуздӣ мушоҳида нашудааст.

Бино бар қавли шоҳидон, дар робита ба ин ҳодиса ду нафар боздошт шудаанд. Яке аз боздоштшудаҳо домоди ҳамон хонадон будааст, ки шаби қабл аз фоҷеа барои бурдани ҳамсари худ омада ва ҷанҷоли оилавие низ рух дода будааст.

XS
SM
MD
LG