Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони вазъи фавқулода дар Покистон вокунишҳои зиёдеро дар кишвар ва хориҷи он ба бор овард.

Беназир Бҳутто, сарвазири пешини Покистон, аз мардуми кишвараш хост, ки ба намоиши эътирозӣ алайҳи вазъи фавқулода ҳамроҳ шаванд. Ин даъват дар арафаи намоише садо дод, ки интизор меравад дар он ҳазорон нафар ширкат кунанд ва аз Лаҳор то Исломобод раҳпаймоии эътирозӣ кунанд.

Гуфта мешавад, ширкаткунандагони намоиш талаб хоҳанд кард, ки раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф аз маснади фармондеҳи артиш канор равад ва вазъи фавқулода дар кишварро бекор кунад. Мақомоти Покистон қаблан ҳушдор дода буданд, ки ба ягон намоиши эътирозӣ иҷоза нахоҳанд дод.

Мухолифини ҳукумати Покистон бори дигар аз Парвиз Мушарраф талаб карданд, ки қабл аз интихоботи порлумонӣ вазъи фавқулода дар кишварро лағв намояд. Дирӯз ҳарчанд раисиҷумҳури Покистон эълом дошт, ки интихоботи порлумонӣ 9-уми январи соли оянда доир мешавад, вале аз ошкор кардани рӯзи лағви вазъи фавқулода худдорӣ намуд.

Раҳбари эътилофи аҳзоби исломӣ Лаёқат Балуч гуфт, ки вазъи фавқулода доир шудани интихоботи озоду одилона ба порлумонро зери суол мебарад. Ахиран сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто низ бори дигар хостори лағви вазъи фавқулода шуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки «Эълони интихобот як гоми мусбат аст ва метавонад авзоъро тағйир диҳад. Ва аммо гуфтани онки вазъ баъд аз буҳрони ин қадар ҷиддӣ муътадил шудааст, иштибоҳ мебуд».

Ҳамзамон сарвазири пешини Покистон изҳор кард, ки музокирот бо раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф дар мавриди тақсими қудрат дар Покистонро қатъ кардааст. Дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Лаҳор ӯ тасмими худро чун тағйири сиёсати пешинаи ҳизбаш арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсӣ, ИМА мехост аз тариқи тақсими қудрат дар Покистон, яъне дар маснади сарвазир пазируфта шудани Беназир Бҳутто, пуштибонии бештари генерал Парвиз Мушарраф дар мубориза бо ифротгароҳоро таъмин кунад. Вале Беназир Бҳутто эълом дошт, ки эълони вазъи фавқулода идомаи музокирот бо Мушаррафро ғайримумкин гардондааст.

Эълони вазъи фавқулода дар Покистон мутаваққиф шудани Қонуни асосӣ, вогузоштани ваколати бештар ба пулис барои боздошти афроди норозӣ, аз хизмати вакилони дифоъ маҳрум кардани гумонбарону дастгиршудагон, маҳдудияти рафтуо ва қатъи пахши барномаҳои шабакаҳои мустақили телевизиониро дар назар дорад.

Дар чаҳорчӯби фармони раисиҷумҳур оид ба вазъи фавқулода Раиси Додгоҳи олии Покистон аз вазифа сабукдӯш шуда, ҳама додрасҳо савганди садоқатро ёд карданд. Парвиз Мушарраф ҷорӣ кардани вазъи фавқулодаро бо зарурати аз байн бурдани ифротгароӣ марбут мекунад.

Баъд аз эълони вазъи фавқулода ҳама намоишҳои эътирозӣ саркӯб ва ҳазорҳо мухолифини ҳукумат боздошт шуданд. То имрӯз созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои зиёд, аз ҷумла Амрико, ки Исломободро ҳампаймони худ дар мубориза алайҳи террор мехонад, эълони вазъи фавқулода дар Покистонро маҳкум кардаанд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Созмони Муштаракулманофеъ – як ниҳоди давлатҳои дар собиқа мустамликаи Бритониёи Кабир – дар як нишаст дар Лондон масоили марбут ба вазъи фавқулода дар Покистонро баррасӣ мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазирони хориҷаи 53 кишвари узви созмони мазкур сари мавзӯъи бори дигар боздоштани узвияти Покистон дар ин ниҳод баҳс хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, баъди бар асари кудато сари қудрат омадани генерал Парвиз Мушарраф узвияти Покистон дар Созмони Муштаракулманофеъ барои 5 сол мутаваққиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG