Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз вазъи Афғонистон нигарон аст


ИМА аз густариши домани фасоду ришват ва бадшавии вазъи амниятии Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Залмаи Халилзод, сафири ИМ дар СММ ва фиристодаи собиқи Амрико дар Афғонистон мизони фасодро дар ин кишвар "ғайриқобили қабул" хонда гуфт, ки амнияти манотиқи ҷанубии ин кишвар боз ҳам вахимтар мешавад. Вай афзуд, ки аз раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай дар роҳи рафъи ин мушкилот интизори ислоҳоти мушаххас мебошад. Халилзод дар як конфронси тиҷоратӣ дар Вашингтор гуфт, ки дастёбӣ ба муваффақият дар Афғонистон барои тавсеаи эътидол ва субот дар манотиқи фаротар, мисли Ховари Миёна ҳаётан муҳим аст.
XS
SM
MD
LG