Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдидҳои Бритониё алайҳи Эрон


Нахуствазири Бритониё Гордон Браун гуфт, ки дар сурати саркашии Эрон аз манъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, кишвари вай дар фикри манъи сармоягузорӣ ба бахшҳои нафту газ ва молиёти Ҷумҳурии Исломӣ хоҳад шуд. Дар як изҳороташ шоми дирӯз Браун Эронро чун "таҳдиди бузургтарини зудҳангом" ба қарордоди адами тавсеаи аслиҳаи ҳастаӣ қаламдод кард. Браун афзуд, ки дар сурати идомаи саркашиҳои Эрон аз иҷрои тақозоҳои Ғарб дар робита ба хатми фаъолиятҳое, ки боиси тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ мешавад, Бритониё дар садри ташаббусҳои таҳримҳои шадидтари зидди Эрон дар сатҳи СММ ва Иттиҳодияи Аврупо қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG