Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Бҳутто бидуни вай талоши ташкили раҳпаймоиро мекунад


Ҳизби мухолифи Беназир Бҳутто гуфт, ки талош хоҳад кард алорағми манъи мақомот ба баргузории раҳпаймоии имрӯза ва ба ҳабси хонагии ҳафтрӯза андохта шудани раҳбари онҳо хонум Бҳутто намоиши эътирозии худро барпо мекунад. Раҳпаймоии барномарезишудаи онҳо, ки бояд дар масири 300 километр роҳ, яъне дар самти Лоҳур-Исломобод ташкил шавад, ҳадаф дорад, раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушаррафро водор кунад, ки аз вазифаи фармондеҳи артиши кишвар даст кашида ба вазъияти фавқулодда дар Покистон хотима диҳад ва ҳамчунин, ҳазорҳо ҳуқуқшиносон ва сиёсатмадорони боздоштшударо раҳо кунад. Парвиз Мушарраф ҳарчанд ваъда додааст, ки интихоботи парлумонӣ январи соли оянда баргузор мешавад, аммо то ҳол таърихи бекоршавии низоми изтирорӣ дар кишварро таъйин накардааст. Мақомот гуфтанд, ки хонум Бҳутторо ба хотири ҳимояти ҷони ӯ дар ҳабси хонагӣ қарор додаанд. Онҳо инчунин гуфтанд, ки ҳама гуна намоишҳои сиёсӣ, ба мисли раҳпаймоии имрӯза, манъ аст. Тафсилот дар идомаи барнома
XS
SM
MD
LG