Пайвандҳои дастрасӣ

Амнести Интернешинал аз шиканҷаи зиндониён ҳушдор медиҳад


Созмони Афви байнулмилал ё Амнести Интернешинал аз нирӯҳои НАТО дар Афғонистон тақозо кард, ки интиқоли боздоштшудаҳоро ба дасти мақомоти ин кишвар боздоранд, чунки иттиҳомоти расида ҳокӣ аз вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Афғонистон будааст. Ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар гуфт, даҳҳо зиндониёне, ки аз ҷониби нирӯҳои байналмилалии таҳти сарпарастии НАТО боздошт шудаанд, баъдан ба дасти хадамоти иттилооти Афғонистон супурда мешаванд. Дар сурати вуҷуди иттиҳоми шиканҷа муқарарроти байналмилалӣ интиқоли маҳбусонро манъ мекунад. НАТО дар навбати худ манъи интиқоли зиндониёнро рад карда гуфтааст, ки ин амали онҳо тибқи сиёсате анҷом мегирад, ки дар мувофиқа бо "Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҳия шуда мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шудааст".

XS
SM
MD
LG