Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Ӯзбакистон


Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон қазияи ахиран дар марзи ин ду кишвар сарзадаро маврди баҳсу баррасӣ қарор додаанд. Гуфта мешавад, 6-уми ноябри имсол дар минтақаи Қароқири вилояти Сирдарёи Узбакистон як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд. Рӯзи гузашта дар Хуҷанд масъулини ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Узбакистон сари мизи гуфтушунид нишастанд ва феълан мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ меварзанд. Ва аммо хабаргузории Интерфакс, бо истинод ба Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон навиштааст, ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон як амри тасодуф будааст. Тошканд гуфтааст, ки дар кушта шудани ин шаҳрванди мулкӣ марзбонони Тоҷикистон айбдоранд, чун шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо худ моли қочоқӣ доштааст, ба фармони марзбонони узбак гӯш надодааст ва ҳадафи тир қарор гирифтааст. Дар баёнияи дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Узбакистон, амалкарди марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ ва ретседив, яъне ҷинояти батакрор унвон шудааст, - менависад Интерфакс.
XS
SM
MD
LG