Пайвандҳои дастрасӣ

Бо иттиҳоми ташкили намоишҳои эътирозӣ полиси Покистон раҳбари нирӯҳои мухолифини ин кишвар хонум Беназир Бҳутторо барои ҳафт рӯз боздошт намуд.

Ин иқдом соатҳо баъди он гирифта шуд, ки хонум Бҳутто барои имрӯз мардуми кишварро ба ташкили як намоиши эътирозие даъват кард, ки савори мошинҳо ҷараён мегирад. Садҳо нирӯҳои полис атрофи манзили хонум Бҳутто дар шаҳри Лоҳур қарор гирифта, гуфтанд, ки тасмими онҳо аз андешаҳои амниятӣ гирифта шудааст. Хонум Бҳутто дирӯз дар як нишасти матбуотиаш дар Лоҳур дар робита ба ташкили намоишҳои имрӯза гуфт:

"Ман ба мардум, ба табақаи миёнаҳол, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, рӯшанфикрон, донишҷӯён, кишоварзон, тоҷирони хурд ва соҳибкорон муроҷиат мекунам: ин сарзамини шумо аст ва шумо бояд онро ҳимоят кунед. Ман ин намоиши эътирозиро ба хотири ҳимояи мардуми Покистон шурӯъ мекунам ва ҳама бояд ба он бипайванданд".

Ҳадафи аслии ин раҳпаймоӣ фишороварӣ болои раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф аст, ки аз вазифаи фармондеҳи артиши кишвар даст кашида ба вазъияти фавқулодда дар кишвар хотима диҳад ва ҳамчунин, ҳазорҳо ҳуқуқшиносон ва сиёсатмадорони боздоштшударо раҳо кунад. Бҳутто ва дигар раҳбарони мухолифин гуфтанд, ки дар сурати пурра барқарор нашудани ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар, интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ як сохтакорӣ хоҳад буд. Мушарраф рӯзи якшанбе ваъда дод, ки интихоботи парлумониро дар таърихи 9 январ баргузор мекунад, аммо аз таъйини таърихи хатми низоми изтирорӣ дар кишвар парҳез кард. Дар ҳамин вақт, дар Лондон вазирони хориҷаи давлатҳои ҷомеаи Ҳамсуд, ки аз аксар собиқ давлатҳои мустаъмираи шоҳигарии Бритониё иборат аст, ба Мушарраф 10 рӯз фурсат доданд, то ки ҳолати изтирории кишварро бекор кунад. Ин созмони иборат аз 53 давлати узв гуфт, ки то таърихи 22 ноябр Парвиз Мушарраф бояд вазъи изтирории кишварро бекор ва фаъолияти озоди расонаҳои хабарии кишварро таъмин кунад, вагарна ин давлат бо хатари мутаваққифшавии узвияташ дар шӯроҳои Давлатҳои ҷомеаи Ҳамсуд рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG