Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназир Бҳутто боздошт шуд


Полиси Покистон раҳбари нирӯҳои мухолифини ин кишвар хонум Беназир Бҳутторо барои ҳафт рӯз боздошт намуд. Ин иқдом соатҳо баъди он гирифта шуд, ки хонум Бҳутто барои имрӯз мардуми кишварро ба ташкили як намоиши эътирозие даъват кард, ки савори мошинҳо ҷараён мегирад. Садҳо нирӯҳои полис атрофи манзили хонум Бҳутто дар шаҳри Лоҳур қарор гирифта, гуфтанд, ки тасмими онҳо аз андешаҳои амниятӣ гирифта шудааст.

Ҳадафи аслии ин раҳпаймоӣ фишороварӣ болои раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф аст, ки аз вазифаи фармондеҳи артиши кишвар даст кашида ба вазъияти фавқулодда дар кишвар хотима диҳад ва ҳамчунин, ҳазорҳо ҳуқуқшиносон ва сиёсатмадорони боздоштшударо раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG