Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Париж ва Берлин фишор болои Теҳронро меафзоянд


Фаронса ва Олмон дар мавриди ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ақидаи воҳид доранд. Изҳороти канслери Олмон Ангела Меркел ва раиси ҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ дар ин бора баъди музокироташон дар Берлин садо дод. Ангела Меркел гуфт, ки имкони эълони таҳримҳои нави Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Теҳронро баъйд намедонад. Ҳадаф аз ин таҳримҳо – водор сохтани Эрон барои қаъти ғанисозии уран аст.Дар чанд рӯзи ахир Николя Саркозӣ ва Ангела Меркел зимни сафарҳои алоҳида ба Иёлоти Муттаҳида мавзӯъи барномаи ҳастаии Эронро бо Ҷорҷ Буш баррасӣ карданд.

Кишварҳои Ғарб аз он нигаронанд, ки Теҳрон талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дорад ва ба ин хотир талаби ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои қатъи ғанисозии ураниумро нодида мегирад. Ва аммо мақомоти Эрон ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон мунаққидони барномаи ҳастаии кишварро "хиёнаткор" номид. Ба иттилоъи хабаргузориҳои кишвар, айни ҳол дар Эрон теъдоди онҳое, ки раисиҷумҳурро барои барномаи ҳастаӣ танқид мекунанд, ба карат коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG