Пайвандҳои дастрасӣ

Бенизомӣ дар Ғаза 5 кушта бар ҷой гузошт


Дар борикаи Ғаза бар асари бенизомиҳо ҳангоми намоиши ҷонибдорони ҷунбиши Фатҳ дасти кам 5 нафар кушта ва тақрибан 100 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин намоиш, ки дар маркази шаҳри Ғаза дар сеюмин солгарди даргузашти раҳбари собиқи Фаластин Ёсир Арафот баргузор шуд, даҳҳо ҳазор нафар ширкат доштанд. Ин нахустин намоиши густардаи ҷонибдорони Фатҳ дар борикаи Ғаза баъди ғасби ин минтақа аз сӯи гурӯҳи ҲАМОС аст.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҷунбиши Фатҳ ва гурӯҳи ҲАМОС якдигарро дар ташкили бенизомиҳо айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG