Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои "Озодӣ" дар моҳвораи Hotbird


Мавҷгири моҳвораӣ дар боми яке аз манзилҳои хусусӣ дар ноҳияи Ванҷ.

Мавҷгири моҳвораӣ дар боми яке аз манзилҳои хусусӣ дар ноҳияи Ванҷ.

Агар мехоҳед, барномаҳои мо ва мусиқии тоҷикиро ба беҳтарин кайфият бишнавед, амвоҷи радиои моро аз шабакаи моҳвораии Hotbird пайдо кунед.

Онҳое ки аз шабакаи моҳвораии Hotbird истифода мекунанд, метавонанд, барномаҳои радиои Озодиро дар мавҷи 12 226 GHZ бо рамзи мизон (symbol rate)-и 27 500 (3/4) дар қутбнишонии амудӣ ё вертикал(V) бишнаванд.

Пахши барномаи радиоӣ дар саттелит беҳтарин сифати садо ва мусиқиро кафолат медиҳад. Дар ҳоли бо ҷустуҷӯи автоматик нав кардани маҷмӯъи барномаҳо дар дастгоҳи мавҷгир барномаи радиои Озодӣ дар телевизион дар бахши "радиоҳо" дар каналҳои 242, 252 ва 253 пайдо хоҳад шуд. Суръати интиқоли иттилоъ дар он 192 килобайт дар як сонияро ташкил хоҳад дод.

Барномаҳои тоҷикии радиои Озодӣ ба воситаи моҳвораи Asiasat3- D низ пахш мешаванд. Аммо барои дарёфти ин мавҷ дастгоҳи изофагии моҳвораӣ ва ё тағйири самти лаълии моҳвора зарур мешавад.

Бо моҳвораи Hotbird шунидани барномаҳои тоҷикии радиои Озодӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Ховари Миёна ва шимоли Африқо имконпазир гардид.

HOTBIRD

Макони мадорй:13 Дараҷаи шарқӣ
Қутбгузорӣ: Амудӣ
Мавҷ: 12.226 GHZ
FEC: 3/4
Рамзи мизон: 16.3 MS/s
VIDEO & PCR PID: HB1-8:4260
HB9-28: 4360
Мизони иттилоъ: 192 kbps
Шаклбандӣ: MPEG2

ASIASAT3-D
Макони мадорӣ: 105.0 Дараҷаи шарқӣ
Қутбгузорӣ: Уфуқӣ
Мавҷ: 4040 MHz
L-Band Мавҷ: 1110 MHz (Муқаррарӣ)
FEC: 1/2
Рамзи мизон: 20.4 MS/s
Шохиси шабака (ID): 1
Хатҳои ASD-1 - 12 and 17 - 24
Video + PCR PID 7160
Хатҳои ASD-13 - 16 and 25 - 32
Video + PCR PID 7260
Хатҳои ASD-33 - 40
Video + PCR PID 7560
XS
SM
MD
LG