Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Тошканду Душанбе дар мавриди "Ёвон"


Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба созиш расиданд, ки мутолиаи фаннии тарҳи нирӯгоҳи "Ёвон"и дарёи Зарафшонро коршиносони бетарафи байнулмилалӣ анҷом диҳанд.

Як ҳайъат аз ҳукумати Тоҷикистон, ки бо даъвати ҷониби Ӯзбакистон ба Тошканд сафар дошт, охири ҳафтаи гузашта бо ҳамтоёни ӯзбаки худ масъалаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшонро баррасӣ карданд.

Ба ин ҳайъат, намояндагони баландмақоми вазоратҳои хориҷа, энержӣ ва саноат, мелиоратсия ва захоири оби кишвар ҳамчунин намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» шомил буданд.

Ибтидои соли ҷорӣ Тоҷикистон ва ширкати «Синоҳидро»-и Чин дар мавриди бунёди нирӯгоҳи Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон ба мувофиқа расида буданд. Бар тибқи ин мувофиқа, қарор буд, ширкати ин нирӯгоҳро бо иқтидори 150 мегаватт ва тавлидоти солаи 600 миллион киловат соат барқ бунёд кунад. Ҳамчунин тасмим буд, ҷониби Чин барои бунёди ин нирӯгоҳ ба Тоҷикистон 200 миллион доллар барои 25 сол қарз медод.

Аммо мақомоти энержии Тоҷикистон ахиран эълом доштанд, ки ҷониби Чин аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ кардааст. Ва дар зимн таҳлилгарон тахмин мезаданд, ки сабаби аслии худдории Чин аз анҷоми ин тарҳ, мухолифати Ӯзбакистон ба бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Зарафшон мебошад.

Дар ҳамин зимн, таҳлилгарон гуфтушуниди Тоҷикистон бо Ӯзбакистон бар сари тарҳи бунёди нирӯгоҳи Ёвонро дар маҷмӯъ, гузашти ҳар ду ҷониб унвон мекунанд. Коршиносон мегуфтанд, Ӯзбакистон ба хулоса расидааст, ки бе мувофиқа бо кишвари дуввум ҳам Тоҷикистон дар ниҳоят тарҳи нирӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои қаламравашро рӯи даст хоҳад гирифт ва сармоягузорони хориҷие низ пайдо хоҳанд шуд, ки аз ин тарҳҳо пуштибонӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG