Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА хостори эътидол дар Гурҷистон шуд


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз мақомоти Гурҷистон талаб кард, ки вазъи фавқулодда дар кишварро лағв кунанд. Намояндаи вижаи САҲА Ҳосеп Боррел Фонтеллес баъди сафари дурӯза ба Тифлис ба зарурати таъмини озодии комили расонаҳои хабарӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои интихоботи озоду одилонаи раёсати ҷумҳури Гурҷистон таъкид кард. Интизор меравад, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон рӯзи 5 январи соли оянда баргузор шавад.

Ахиран Мэттю Брайза, муовини ёвари Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида низ баъди ошноӣ бо вазъи Гурҷистон хостори лағви вазъи фавқулодда дар ин кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG