Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили парлумон аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум шуд


Маҷлиси вакилони ноҳияи Вахши Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Садриддин Шамсиддиновро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кард. Ин бо дархости додситонии устони Хатлон сурат гирифт. Ожонси зиддифасод ва назорати молӣ дар Хатлон Садриддин Шамсиддиновро дар ришватситонӣ ба андозаи ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мекунад ва феълан вакили мардумӣ дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешавад. Шамсиддинов, ки ҳамзамон раиси ҷамоати «Оқгаза»-и ноҳияи Вахш будааст, бар ивази ин маблағ ба сокинони маҳаллӣ қитъаи замин ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG