Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел дар фикри ҷорисозии маҳдудиятҳои иқтисодӣ болои Эрон аст


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки кишварҳои Аврупо бояд ба қароре расанд, ки дар самти маҳдуд кардани мизони тиҷорат бо Эрон чиҳо карда метавонанд. Вай гуфт, чунин иқдом бояд ба хотири фишороварӣ болои Теҳрон барои ҷоҳталабиҳои ҳастаиаш гирифта шавад. Меркел ин изҳороташро дирӯз, баъди музокироташ бо раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш дар Техас дар телевизиони Олмон ироа кард. Вай гуфт, ки ӯву Буш ба тавофуқ расиданд, ки ба хотири ҳалли бӯҳрони атрофи масоили ҳастаии Эрон дар масири дипломатӣ гом мебардоранд. Аммо вай гуфт, ки аз аврупоиҳо тақозо хоҳад кард, ки ба Эрон фишори бештар оваранд. Вай инчунин гуфт, ки ин мавзӯъро бо соҳибкорони кишвараш дар миёни хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG