Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои САҲА аз Гурҷистон


Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба даъватҳои ҷонибҳои дигар ҳамроҳ шуда, аз мақомоти Гурҷистон тақозо кардааст, ки вазъияти фавқулоддаро бекор кунанд. Фиристодаи вижаи САҲА Ҷозеп Борелл Фонтеллес, баъди ду рӯзи буду бошаш дар Тифлис, зимни пахши изҳороте тақозо кардааст, ки мақомот озодиҳои пурраи расонаҳои хабариро барқарор карда куллия шароити ташкили интихоботи шаффофу озодро фароҳам оваранд. Саакашвилӣ ҳафтаи гузашта гуфт, ки интихоботи пеш аз мӯҳлати президентии кишвараш дар таърихи 5 январ баргузор хоҳад шуд. Метю Бриза, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико дар масоили Аврупову Авроосиё ҳамчунин дар Гурҷистон бо ҳадафи фишороварӣ ба мақомоти ин кишвар барои бекор шудани вазъи фавқулодда ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG