Пайвандҳои дастрасӣ

Мушарраф интихоботро моҳи январ баргузор мекунад


Раиси ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф ваъда дод, ки то таърихи 9 январи соли оянда интихоботи парлумониро баргузор хоҳад кард. Изҳороти мазкур чунин маъно дорад, ки ба эҳтимоли зиёд вазъияти изтирироие, ки ӯ эълон кардааст, то ҳамон муддат идома хоҳад ёфт. Вай гуфт, ки Камиссиюни интихоботӣ таърихи дақиқи интихобот ва инчунин ҳукуматеро, ки мувақаттан кишварро идора хоҳад кард, таъйин мекунад. Раиси нирӯҳои мухолифин Беназир Бҳутто изҳороти Мушаррафро чун "иқдоми мусбат" арзёбӣ кард. Аммо ӯ гуфт, ки дар шароити вазъияти изтирорӣ имкон надорад, ки интихоботи шаффофу озод баргузор шавад. Мушарраф ҳафтаи гузашта дар Покистон ҳолати изтирориро ҷорӣ кард ва гуфт, ки чунин тасмим барои муқобила бо фаъолиятҳои афзояндаи ситезаҷӯён як амри зарурӣ аст.
XS
SM
MD
LG