Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин маркази қабули гурезаҳо дар Осиёи Миёна


Имрӯз, 12 ноябр, дар Бишкек нахустин маркази қабули муҳоҷирон дар қаламрави Осиёи Марказӣ ифтитоҳ мешавад.

Дар расми ифтитоҳи ин марказ Антонио Гутеррес, раиси Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон иштирок хоҳад кард. Оқои Гутеррес бо ин ҳадаф вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шудааст.

Оина Қозибоева, сухангӯи дафтари ин созмон дар Бишкек дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, маросими кушоиши ин марказ ҳамроҳ бо ҳукумат доир хоҳад шуд, инчунин мулоқотҳои оқои Гутеррес бо раисҷумҳур Қурмонбек Боқиев, вазири умури хориҷа Эднан Қаробоев, додситони кулл Элмирзо Сотиболдиев ва вохӯрие бо хонум Ойгул Ризқулова, раиси кумитаи давлатии муҳоҷират ва кор дар назар гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки яке аз мавзӯъҳои мавриди сӯҳбати раиси Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ва раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба сарнавишти собиқ паноҳандагони тоҷикистонӣ тамаркуз хоҳад кард.

Оқои Антонио Гутеррес ният дорад, ки мақомоти ин кишварро барои мусоидаташон ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дохилӣ ва тақдими мақоми шаҳрвандӣ барои нӯҳ ҳазор тоҷикистониҳо ташаккур кунад.

Тибқи иттилои расмии СММ, феълан дар қаламрави Қирғизистон садҳо муҳоҷирон аз кишварҳои мисли Афғонистону Русия, Тоҷикистону Ӯзбакистон ба сар мебаранд.

Қирғизистон инчунин дар рӯйдодҳои ду соли пеши Андиҷон ҳам барои садҳо фирориёни таъқибҳои сиёсӣ мусоидат карда, онҳоро дар қаламрави кишвари худ сарпаноҳ додааст. Зимнан, баъди он рӯйдодҳо, моҳи апрели соли 2006 ҳукумат дафтари СММ дар умури паноҳандагонро баста эълон кард.

Фардо, 13 ноябр, оқои Гутеррес ният дорад ба Қазоқистон рафта тайи се рӯз бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар мавзӯи тарҳи нави қонун дар бораи муҳоҷират дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.

Дар қаламарви Қазоқистон, бино ба иттилои Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, 3700 фирории чечентабор, чандсад нафар паноҳандагон аз Афғонистону Ӯзбакистон ва Чин ба сар мебаранд.

Баҳори соли оянда қарор аст, ки оқои Гутеррес аз Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дидан кунад.

XS
SM
MD
LG