Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи Покистон то 9 январ доир мешавад


Президенти Покистон Парвез Мушарраф эълон кард, ки интихоботи парламентии ин кишвар бояд пеш аз нуҳуми январ доир гардад. Ӯ афзуд, рӯзи панҷшанбе парламенти кунунӣ пароканда хоҳад шуд, то имкони баргузории интихоботи парламентии нав пайдо шавад. Дар айни замон генерал Мушарраф чизе дар бораи мӯҳлати дақиқи лағви вазъи фавқулода нагуфт. Як ҳафта пеш бо ишора ба ихтилофҳои миёни ҳукумату мухолифин президенти Покистон дар ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG