Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 сарбози амрикоӣ ва 3 афғон дар Нуристон


Сухангӯи Нирӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон гуфт, шаш сарбози амрикоӣ ва се сарбози афғон дар шарқи Афғонистон кушта шудаанд. Ин манбаъ афзуд, гурӯҳи сайёри дидбонии нирӯҳои эътилофӣ бо толибони камингирифта рӯбарӯ гаштааст. Ҳодиса рӯзи ҷумъа дар вилояти Нуристон ба вуқӯъ пайваста, дар ин даргириҳо ҳашт сарбози дигари амрикоӣ ва 11 низомии давлати Афғонистон захмӣ шудаанд. Дар ин байн дар вилояти Кундуз дар сари роҳи корвони нирӯҳои олмонӣ таркиши худкушона ба амал омад. Шахси ҳамлакунанда ва як ғайринизомӣ кушта шудаанд. Толибон масъулияти ҳарду ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG