Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Бурҷанадзе бо сарони мухолифон


Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ваъдаи худро дар бобати лағви зудраси вазъияти фавқулодда дар кишвараш такрор кард. Ин изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки ҳампаймонҳояш бо раҳбарони мухолифон дидор ва гуфтушунид карданд. Сухангӯи порлумони Гурҷистон, Нино Бурҷанадзе, ки ҳампаймони асосии Саакашвилӣ мебошад, аввалин бор баъд аз эълон шудани вазъияти фавқулодда бо гурӯҳҳои мухолиф мулоқот кард. Яке аз сарони оппозисюни Гурҷистон, Саломе Зуробашвилӣ низ гуфт, бояд ба муколама бартарӣ дод.
XS
SM
MD
LG