Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Тоҷикистон шомгоҳони чанд рӯзи охир дар осмон ҳодисаи ғайриоддиеро мушоҳида карданд.

Наздикиҳои соати ҳашти бегоҳ дар осмон нуқтаи рушани дарозрӯяе намудор шуд, ки дар забони ом онро "ситораи думдор" мегӯянд. Ҳамчунин дар урфият дидани онро нишонаи манфӣ арзишёбӣ мекунанд. Кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯянд, ин воқеъан як ҳодисаи нодир аст ва бар асари таркиши кометаи кӯтоҳмуддати Холмс ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар ҳоле ки шаҳрвандон бо чашми номусаллаҳ онро дида метавонанд, ситорашиносони расдахонаи Ҳисор падидаи осмониро бо ду телескопи қавӣ пайваста мушоҳида доранд. Ҷои ҳодиса ба гуфтаи онҳо, аз Замин 243 миллион километр дур аст.

XS
SM
MD
LG