Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон қочоқчиро ба дор овехтанд


Дар шаҳри Бандар Аббоси Эрон як қочоқчии маводи мухаддирро бо ҳукми додгоҳ ба дор овехтанд. Хабаргузории Исно иттилоъ медиҳад, ки як нафар бо ҷурми нигаҳдошти 475 килограмм ҳероин ҳукми эъдом гирифт.

Тафсилоти бештар пахш нашудааст. Ҳамин тариқ сар аз оғози соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон камаш 253 нафар бо ҳукми додгоҳ эъдом шудаанд.

Бино бар маълумоти созмони ҳомии ҳуқуқи башар Афви Байналмилалӣ (Amnesty International") соли 2006-ум дар Эрон 177 нафар эъдом шуда буданд.

Дар Эрон афроди масъули куштор, таҷовуз ба номус, ғорати мусаллаҳона, қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ва зино ҳукми олӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG