Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон: Ҳукумат бо мухолифин вохӯрд


Имрӯз барои аввалин бор аз замони таъқиби гирдиҳамоии мухолифин ва ҷорӣ шудани вазъи фавқулода дар Гурҷистон намояндагони ҳукумат ва мухолифин мулоқот намуданд.

Назар ба гузоришҳои расида дар вохӯрӣ бо раҳбарони мухолифин аз номи ҳукумат раиси Парламент хонум Нино Бурҷанадзе намояндагӣ кард.

Нишаст дар калисои ортодокси Гурҷистон доир гашт ва Патриарх Илияи 2-ум онро пеш бурд.

Ҳафтуми ноябр Парламенти Гурҷистон аз қарори ҷорӣ шудани вазъи фавқулода пуштибонӣ кард. Раиси дастгоҳи президенти Гурҷистон мегӯяд, вазъи фавқулода эҳтимол қабл аз мӯҳлати муқарраршуда, яъне қабл аз 22 ноябр лағв гардад.

ИМА ёвари муовини котиби давлатӣ Метю Бризаро ба Гурҷистон фиристод. Вашингтон аз мақомоти Гурҷистон дархост кардааст, ки вазъи фавқулодаро лағв намуда, озодии баёнро иҷозат диҳанд.

XS
SM
MD
LG