Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар сохтмони Роғун ширкат карданист


Вазири энержии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ (аз рост) дар Душанбе, 10 ноябри 2007
Вазири энержии Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ (аз рост) дар Душанбе, 10 ноябри 2007

Вазири энержии Эрон Парвизи Фаттоҳ гуфт, «агар Тоҷикистон хоҳад, Эрон омодааст, дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳҳом бошад».

Вай дар ин бора пас аз дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон чунин иброз кард. Вазири энержии Эрон афзуд, дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон масоили фаннӣ ва мушкили масолеҳи сохтмонӣ дар лоиҳаи байнидавлатии нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 низ матраҳ шудааст. Ба иттилоъи оқои Фаттоҳ, мушкили аслии ин барнома набуди семент аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ҳалли ин мушкилро шахсан таҳти контроли худ қарор хоҳад дод.

Ба ҳамин тартиб аз оғози моҳи марти соли 2008 дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 марҳалаи дуввуми сохтмон шурӯъ хоҳад гашт. Нерӯгоҳи мазкур барномаи байнидавлатии Эрону Тоҷикистон буда, ҷониби Эрон барои бунёди он 180 милиён доллар ва Тоҷикистон 40 милион доллар ҷудо кардааст.

Вазири энержии Эрон гуфт, марҳалаи аввал, яъне тарроҳӣ ва таҳкурсии нерӯгоҳ, анҷом ёфтааст. Техника ва худкорҳои истеҳсоли барқ харидорӣ шудаанд ва дар марҳалаи дуввум бояд Сангтӯда-2 ба истифода дода шавад. Ва аммо дар дидори ахир, ба иттилои Саид Парвизи Фаттоҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби Эрон барои коҳиши мӯҳлати бунёди нерӯгоҳ даъват кардааст.

Як рӯз қабл аз дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон вазири нерӯи Эрон аз чаҳор нерӯгоҳи воқеъ дар дарёи Вахш – Сангтуда-1, Сангтуда-2, Бойғозӣ ва Норак дидан кард. Ба иттилоъи Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар ин сафар ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки нерӯгоҳи Сангтуда-2 барои гузаштан ба марҳалаи дувум ва ниҳоӣ омода аст.

Ҳамзамон дар сафари дирӯза тасмим гирифта шуд, ки ҷониби Эрон ба бунёди нақби ағбаи Чормағзак шурӯъ мекунад, ки нирӯгоҳи Сангтӯда-2 – ро ба маркази кишвар мепайвандад. То оғози сохтмони нақб ҷониби эронӣ беш аз 4000 метр роҳро тармим хоҳад кард. Дарозии нақби Чормағзак 4500 метр аст. Барои бунёди нақб Эрон 55 милиён доллар қарзи дарозмуддат ба Тоҷикистон додааст.

Аз сӯи дигар, ба иттилоъи вазири энержии Эрон, дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон барномаи интиқоли нерӯи барқи Эрон ба Тоҷикистон тавассути Афғонистон, ки ду сол муқаддам ба тасвиб расида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамзамон дар назар аст, ки ҷониби Эрон бояд тавофуқномаи мутолеъоти бунёди сарбанди нерӯгоҳҳои барқи обии Шӯроб ва Ёвонро дар шимоли кишвар мавриди баррасӣ қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG