Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Вошингтон аз тасмими нави Тифлис


Шон Маккормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико

Шон Маккормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико

Пас аз эълони интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ дар Гурҷистон маҳофили байнулмиллалӣ аз ин тасмими давлати Гурҷистон истиқбол карданд.

Шон Маккормак, сухангуи вазорати хориҷаи Амрико, дар нишасти хабарие дар Вошингтон ба хабарнигорон дар бораи мавзеъгирии Амрико нисбат ба интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ дар Гурҷистон гуфт, Амрико аз тасмими давлати Гурҷистон дар бораи баргузории интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ ва раъйпурсӣ барои таъини рӯзи интихоботи порлумонӣ истиқбол мекунад.

Вай афзуд, ҳамзамон мо аз давлати Гурҷистон дархост мекунем, ки вазъи фавқулоддаро лағв ва ба фаъолияти ҳамаи матбуот иҷоза диҳад, зеро ин қадамҳои зарурист, то барои баргузории интихобот ва раъйпурсӣ заминаҳои демократӣ барқарор шавад.

Нерӯҳои мухолифи давлат низ баъд аз эълони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ изҳор доштаанд, ки онҳо аз тазоҳуроти хиёбонӣ даст мекашанд. Саломе Зурабишвилӣ, раҳбари яке аз ҳизбҳои мухолиф, гуфтааст, ҳоло мухолифон масъалаи иттиҳод дар атрофи як номзад ба мақоми раисҷумҳурро дар муқобили номзадии Михаил Саакашвилӣ баррасӣ мекунанд.

Аммо бисёре аз таҳлилгарон мегуянд, ки мухолифин хеле аз ҳам пошидаанд ва барои ваҳдат ё ҳамоҳанг сохтани хостҳои худ вақти зиёд надоранд. Георгий Хаиндрава, вазири собиқ ва раиси Шӯрои Миллии иттиҳоди мухолифин, гуфт, тазоҳуроти эътирозӣ қатъ ва гуфтугуҳо дар робита бо интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ оғоз шудааст.

Тибқи гузоришҳо, ҳоло дар Тифлис - пойтахти Гурҷистон ҳаракати нақлиёт ба ҳолати оддӣ баргаштааст. Сарбозони артиш камтар ба назар мерасанд. Созмонҳои байналмиллалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба Михаил Саакашвилӣ фишор меоранд, то ки ҳар чӣ зудтар вазъи фавқулоддаро лағв кунад ва ба матбуъоти мустақил иҷозаи фаъолият диҳад.

Аз суи дигар, рӯзи ҷумъа порлумони Гурҷистон санадеро таҳия кард, ки фармони раисҷумҳури ин кишвар дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар кишварро таъйид мекунад. Тибқи фармон, дар давраи вазъи фавқулодда фаъолияти матбуъот ва радиову телевизиюнҳои мустақил мамнуъ аст ва ҳамоишҳои пуродам раво нест.

Аммо Михаил Мачаварианӣ, муовини раиси порлумон гуфт, ки порлумон фармони раисҷумҳурро дар бораи 15 рӯзи вазъи фавқулодда ба тасвиб мерасонад. Дар порлумон аз се ду ҳиссаи намояндагонро аъзои ҳизби Михаил Саакашвилӣ ва ҷонибдорони вай ташкил мекунанд. Вай ҳамчунин гуфтааст, маълумоти зиёд дар даст ҳаст, ки хадамоти махфии Русия ба умури Гурҷистон мудохила мекунанд. Аммо Русия изҳороти мақомоти расмии Гурҷистонро дар бораи мудохила қабул надорад.

XS
SM
MD
LG