Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии амиқи Русия аз маводи мухаддир


Мақомоти зидди маводи мухаддири Русия мегӯянд, ҳар сол наздик ба 80 000 шаҳрванди ин кишвар аз нашъмандӣ ва бемориҳои марбут ба он мефавтанд. Александр Яневский, намояндаи Хадамоти федероли Русия дар мубориза бо маводи мухаддир гуфт, солона наздик ба 70 ҳазор рус аз бемориҳои марбут ба маводи мухаддир кушта мешаванд ва 10 000 нафари дигар аз истеъмоли берун аз меъёри ҳероин ва кокаин. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, Русия то ҳанӯз натавонистааст, роҳу усули корои табобати мӯътодиро ҷорӣ кунад ва аксари гирифторон маҳкум ба идомаи одати бади худ мешаванд.

XS
SM
MD
LG