Пайвандҳои дастрасӣ

Тамоку 10 миллион нафарро хоҳад кушт


То соли 2030 шумораи қурбониёни дуди тамоку дар ҷаҳон ду баробар афзуда, ба 10 миллион нафар хоҳад расид. Дар ин бора Бунёди Ҷаҳонии Шуш -- як созмони байнулмилалии коршарики Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, хабар додааст. Ин ниҳод мегӯяд, бахши асосии ин талафот дар кишварҳои рушдёбанда ба вуқӯъ хоҳад омад. Дар ҳоле ки бозори тамоку дар кишварҳои пешрафта рӯ ба маҳдудият ниҳодааст, баракс сафи тамокукашон дар кишварҳои рушдёбанда бештар мешавад. Кашидани тамоку сабаби асосии саратони шуш, гулӯ, обдон ва бемориҳои дигари хатарнок мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG