Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Меркел ва Буш дар Тексас


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои дидор бо президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ба мазрааи ӯ дар Тексас сафар кард. Тибқи хабарҳо ду раҳбар талошҳои Ғарбро дар ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ хоҳанд кард. Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи роҳҳои эътидоли авзоъ дар Афғонистон ва ояндаи Косово баҳс хоҳанд шуд. Меркел дар аввали ин моҳ аз Афғонистон дидан кард. Буш ва Меркел дирӯз бо ҳам шом хӯрданд ва имрӯз гуфтушунидро идома дода, бо хабарнигорон низ мулоқот хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG