Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Интерпол


Кормандони полиси байнулмилалӣ ё Интерпол муштаракан бо милисаи вилояти Свердлови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки гуфта мешавад, дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт, дастгир кардаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, онҳо бо дастури Интерпол Бобохон Бобохоҷаевро боздошт карданд, ки аз рӯи се банди қонуни кайфарии Тоҷикистон ба ҷумлаи муқовимат ба кормандони ҳифзи қонун, нақзи дахлнопазирии манзили шаҳрвандон ва нигаҳдошти силоҳ айбдор мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Бобохоҷаев аз соли 1976 дар Нижни Тагили вилояти Свердлов ба сар бурда, мунтазам ба Тоҷикистон сафар мекардааст. Вай охирин бор дар соли 2004 аз ватанаш боздид кардааст. Мақомоти Русия мегӯянд, Бобохоҷаев ба зудӣ ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурад хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG