Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии Узбакистон дар Кумитаи зиддишиканҷаи СММ


Кумитаи зидди шиканҷаи СММ имруз баррасии дурузаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистонро оғоз кард. Фелис Гаер-намояндаи Амрико дар ин кумита ихроҷ ё бастани фаъолияти 200 созмони ғайридавлатӣ дар Узбкистонро талоши ошкорои ҳукумат барои хомуш кардани мухолифон арзёбӣ кардааст. Як ҳайати мақомоти аршади Узбакистон имруз гуфт, ки Тошканд барои решакан кардани шиканҷа ва озод эълон кардани низоми додгоҳӣ тадобири зарурӣ меандешад. Ин ҳайат рузи душанбе ба суолҳои аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ посух хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG