Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи Тоҷикистон бозии сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2010-ро бо Сингопур бо ҳисоби ҳеч ба 2 бохт.

Тоҷикистон дар чунин ҳайъат бозӣ намуд: Муканин (капитан) (Додов61), Зубайдов (корти зард), Носиров, Хуҷамов (корти зард), Чориев (Ҷабборов 46), Маҳмудов, Ҳакимов, Исмоилов (Восиев 59), Баротов, Рабимов, Муҳиддинов.

Муаллифи ҳар ду тӯби Сингапур собиқ шаҳрванди Босния Александр Дурич, ки чанде қабл ба шаҳрвандии Сингапур пазируфта шуда буд, мебошад.

Дурич 37 сол дорад ва беҳтарин нишонзани чемпионати Сингапур буда баробари синну солаш – 37 тӯб задааст. Сармураббии тими Сингапур Радойко Аврамович, ки аз беиттилоотии худ аз тими футболи Тоҷикистон нигарон буд, бо он ки қабл аз ин бозӣ имкони шомил намудани Дуричро ба феҳраси бозигарҳояш пайдо карда буд, шодӣ мекард.

Александар Дурич тӯби аввали худро ба дарвозаи қариб ки ҳамноми худ, дарвозабони Тоҷикистон Александр Муканин дар дақиқаи 24 зад. Голи дуввуми Дурич як дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввали бозӣ вориди дарвозаи Тоҷикистон шуд.

Бозии дувуми ин ду тим рӯзи 18 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ва бозигарони ӯ барои роҳхат ба даври саввум бояд, ки бо таносуби се тӯб пирӯз бигарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG