Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонӣ иваз мешавад?


Ҳарчанд, дар ягон саррофии Душанбе навишта набуд, ки долларро ба 3.48 мехаранд, аммо фурӯшандаи доллар метавонист пули амрикоии худро ба саррофон бо нархи 3.48 ва 3.49 низ бифурӯшад.

Ҳарчанд, дар ягон саррофии Душанбе навишта набуд, ки долларро ба 3.48 мехаранд, аммо фурӯшандаи доллар метавонист пули амрикоии худро ба саррофон бо нархи 3.48 ва 3.49 низ бифурӯшад.

Қурби асъори миллии Тоҷикистон - сомонӣ дар ду рӯзи ахир се нуқта поин рафта ва барои мисол, агар рӯзе пеш як доллари амрикоӣ бар ивази 3 сомониву 45 дирам харидорӣ ва 3 сомониву 47 дирам фурӯхта мешуд, рӯзи ҷумъаи 9 ноябр хариди доллар ба 3 сомониву 48 дирам афзоиш ёфт. Ва дар аксари нуқоти мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бар инанд, ки ин раванд бо суръат идома хоҳад кард.

Нурмуҳаммад Ҳафизов, масъули яке аз саррофиҳои Душанбе мегӯяд, феълан, харидорони ба вижа ба доллари амрикоӣ ва еврои Иттиҳоди Аврупо хеле зиёд аст ва дар муқобил хоҳиши мардум дар мавриди табдил кардани ин қабил асъори худ хеле коҳиш ёфтааст:

Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки мардум воқеан ҳам дар табдил кардани пули миллии худ ба асъори хориҷӣ шитоб доранд. Абдукарим Сафаров, як сокини Душанбе, ки мавриди сӯҳбати мо тасмими табдил кардани пули сомонӣ бо доллари амрикоиро дошт, гуфт, сару садоҳои ахир дар мавриди аз муомилот берун шудани пули миллӣ ӯро низ ба ташвиш овардааст.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони тоҷик мутмаинанд, ки Тоҷикистон дар шароити феълӣ омода нест, ки пули миллии худ - сомониро аз муомилот хориҷ ва асъори дигарро ба муомилот ворид кунад. Зеро бо инчунин мушкилоти зиёди иқтисодӣ Тоҷикистон ҳозир нест, ки асъори дигарро ба муомилот барорад.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, як иллати аслии ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани қиммати аксари маводи ниёзи аввалия дар бозорҳои Тоҷикистон маҳз сару садоҳо дар мавриди аз муомилот хориҷ шудани асъори миллӣ мебошад. Ва ӯ тахмин мезанад, ки ин сару садоҳо бо аҳдофи муайян аз сӯи доираҳои махсус паҳн карда мешавад.

Бекмуҳаммад меафзояд инчунин овозаҳои бардурӯғ дар Тоҷикистон собиқа доштааст ва дар бештарин маврид бо кори дасти ин доираҳо қурби пули миллӣ дар муқобили асъори хориҷӣ дар муддати хеле кӯтоҳ хеле коҳиш дода ва дубора ҳам ба мақоми қабли худ бозпас расонда мешуд, ки дар зимн ин қабил афрод бо истифода аз вазъ маблағҳои ҳангуфте ба осонӣ ба даст меоварданд.

Ин ҳама дар ҳоле сурат мегирад, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, рӯзе қабл дар як нишасти хабарӣ ҳама сару садоҳо ва овозаҳо дар мавриди аз муомилот хориҷ шудани пули миллии сомонӣ, ба дунболи ин афзоиши бесобиқаи таваррум ва қиммати маҳсулотро рад карда гуфтааст, инчунин сару садоҳо бепоя аст. Оқои Алимардонов мутмаинона гуфтааст, дар мавриди аз муомилот хориҷ кардани пули миллӣ ҳеҷ гуна тасмиме гирифта нашудааст ва сатҳи таварруми асъори миллӣ аз ҳудуди 15 дарсади феълӣ бештар нахоҳад шуд. Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, ки қиммати маҳсулот дар бозорҳои кишвар, ба вижа маводи ниёзи аввалияи мардум аз сатҳи феълӣ болотар нахоҳад шуд, зеро бар ин аст, ки ҳукумат барои мисол воридоти орду гандум ба кишварро то 150 ҳазор тонна афзоиш хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG