Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Воқеаҳои Гурҷистон бисёриҳоро ба ин фикр бурдааст, ки оё имкони пеш омадани чунин ҳол дар кишварҳои дигари пасошуравӣ вуҷуд дорад?

Он ҳам дар пасманзари афзоиши таниш миёни қудратҳо ва талоши онҳо барои густариши ҳавзаи нуфуз аз як ҷониб ва дасту по задани Русия барои барқарории нуфузи аздастдодаи худ дар маҳдудаи Шӯравии пешин?

Бархе коршиносон ҳаводиси Гурҷистонро пайомади талошҳои истиқлолталабии бештари мақомоти он кишвар ва ҳамсуд набудани мавқеъи Гурҷистон бо сиёсати кишварҳои калидии узви Ҷомеаи муштаркулманофеъ унвон мекунанд. Таҳлилгарон мегуянд, ин кишварҳо, хоса Русия бо ҳимоят аз мухолифини давлати Гурҷистон мехоҳанд, сиёсати ин кишвари қафқозиро аз масири ру ба ғарбӣ мунҳариф кунанд.

Аммо суол ин ҷост, ки кишварҳои дигари дар ҳоли бозсозии сиёсати миллӣ ва ба марҳилаи тоза аз ғурури миллӣ расидаи шуравии пешин, дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ имкон дорад, дастхуши чунин таҳаввулоте шаванд? Он ҳам дар сурати ба гуфтаи коршиносон афзоиши тамоили қудратталабии Русия аз як су ва талоши бештар ғайривобаста шудани кишварҳои шуравии пешин аз Русия ва ҳамгироии онҳо бо ҷаҳони муосир аз суи дигар.

Ба назари таҳлилгарон, дар ҳоли ҳозир, агарчи зоҳиран муносиботи содае миёни Тоҷикистон ва кишварҳои калидии Ҷомеаи муштаракулманофеъ ҷараён дорад, аммо мегуянд, огоҳонии Тоҷикистон бар сари барномаҳои энержии худ аз як су бо Русия ва аз суи дигар бо кишвари ҳамсоя ва нисбатан қудратманди Узбакистон ихтилофоти шадиде дорад. Ин ихтилофот бо вуҷуди се соли музокира пушти сар намешавад. Узбакистон, ки феълан муҳимтарин шарики Русия дар минтақа аст, ба барномаҳои энержии Тоҷикистон қатъан мухолиф аст ва Маскав ба хотири озори хотир надидани Тошканд солҳо сармоягузории ин тарҳҳоро таъхир карда аст. Аз суи дигар, барномаҳои энержӣ дар Тоҷикистон ва хоса сохтмони ниругоҳи Роғун ба як ақидаи миллӣ табдил шуда ва аз кутоҳ омадани мақомот дар сохтани он ба манзури ризои хотири кишварҳои қудратманд, давлатро дар муқобили хостҳо ва интизориҳои деринаи мардум ва ҳамин тавр дар тангно қарор хоҳад дод.

Бархе таҳлилгарон муътақиданд, ки вазъе шабеҳи Гурҷистон, ки мардум дар вазъи танги иҷтимоӣ қарор гирифта бошад, кайҳо дар минтақа вуҷуд дорад. Агарчанд бо таваҷҷуҳ ба пушти сар гузоштани ҷанги шаҳрвандӣ ҳассосияти эътирозҳои хиёбонӣ дар Тоҷикистон низ фурукаш кардааст.

Аммо гуруҳе дигар мегуянд, вазъи минтақа шабоҳате ба авзои Қафқоз надорад ва имкони сар задании чунин вазъияте низ дар ҷамоҳири пешини шуравии Осиёи Миёна баъид аст.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони дигар бовар доранд, дар сурате, ки Тоҷикистон нахоҳад саҳми калидии ниругоҳҳо ва хоса Роғунро дар ихтиёри Русия қарор бидиҳад ва Маскав аз имкони таъсиргузорӣ дар танзими манобеъи энержии обӣ канор бимонад, эҳтимоли роҳ уфтодани бозиҳо ва таҳаввулоте баъид нахоҳад буд.

Дар айни ҳол, ҷамъе дигар эътиқод доранд, ки Русия ҳануз ҳам аҳроми фаровони фишор болои Тоҷикистонро дорад ва метавонад бидуни роҳнадозии ҳар таҳарруке, таҳаввуле ба хостаҳои худ даст ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG