Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар тибқи иттилоъи созмони «International Alert» - як маркази мубориза барои поккории олам, бар асари гармшавии саросарӣ миллиардҳо одам ҷони худро аз даст хоҳанд дод.

International Alert дар гузориши худ таҳти унвони «Низоъи иқлим» навиштааст, гармии глобалӣ заминҳои ҳосилхезро вайрон мекунад ва бар асари тағйири иқлим ҳосили аксари наботот барҳам мехӯрад. Барои мутобиқ гардидани замин ва ҳосил ба иқлими гарм солҳои тӯлонӣ лозиманд, ки бар асари он одамони зиёд ҷони худро аз даст медиҳанд.

International Alert афзудааст, ки гармшавии сартосарӣ бештар ба кишварҳои Африқо, Осиё ва Амрикои Ҷанубӣ таъсир мерасонад. Гузориши мазбур мегӯяд, Аврупо низ аз ин садамаи табиӣ бе асар нахоҳад монд. Бавижа, Аврупои Шарқӣ.

Пиряхҳои кӯҳҳои Алп, аз нодиртарин чашмасорони ин минтақа ба зудӣ об мешаванд ва бар асари обхезиҳо, ки барои мардум паёмади сангин доранд, барф аз қуллаҳо шуста мегардад. Ва сокинони Аврупои Шарқӣ пешорӯи паёмади сангинтар - норасои оби ошомиданӣ қарор мегиранд.

Дар Австралия теъдоди сӯхтори ҷангалҳо меафзояд, ки бар асари гармшавӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Русия аз кишвари сард ба гарм табдил меёбад.

Ва ин ҳама дар мавриде ба вуқӯъ мепайвандад, ки ҳарорати ҳаво ҳамагӣ 2 дараҷа аз мизони Селсия боло равад.

Олимон мегӯянд, бар асари болоравии ақрабаки мизони Селсия, табиат имконияти ҳазми гази карбонийро аз даст медиҳад. Оксиген камтар истихроҷ мегардад. Дар натиҷа пиряхҳо об шуда, дар кишварҳои наздик ба уқёнус обхезӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Минтақаҳо зери об мемонанд, ҳосил талаф меёбад, ғизо кам мегардад ва дар зинаи аввали тасодум олами набототу ҳайвонот маҳв мегардад.

Бар тибқи гузориши Николас Стерн – коршиноси собиқи Бонки Ҷаҳонӣ, гармшавии сартосарӣ беш аз 200 млн нафарро ҳамакнун муҳоҷир кардааст.

Воқеан ҳам гармшвии глобалӣ ба Тоҷикистон низ бе таъсир намемонанд.

Хуршед Додобоев - доктори улуми биологӣ мегӯяд, истихроҷи газҳои гулхонаӣ ба обшавии пиряхҳои Бадахшон овардаанд, ки бар асари он биёбоншавии заминҳои кишт дар кишвар мушоҳида мешавад.

Воқеан ҳам, обшавии пиряхҳои Помир бештар аз Тоҷикистон, ба Ӯзбакистону Туркманистон ва Қазоқистон харобӣ меоранд. Зеро онҳо манбаъи усулии оби ошомидании Осиёи Марказӣ мебошанд. Ба гунаи мисол, Пиряхи Федченко муҳимтарин ва бузургтарин кони об дар миёни 9139 пиярхи дигар дар кӯҳистони Помир маҳсуб меравад. Дар маҷмӯъ, ин пиряхҳо ҳудуди 560 километри мукааб ях доранд. Беш аз 1000 пирях арзу тӯли беш аз 1, 500 метр дошта, дарозии маъохизи дигар 16.000 метр зиёд аст. Вазни пиряхҳои Помир хеле зиёд аст. Олимон танҳо вазни пиряхи Хирсонро, ки дар солҳои 1963, 1973 ва 1989 яъне тақрибан дар даҳ сол як бор мелағжад, ҳисоб кардаанд, ки 270 миллион тонна яхро ташкил додааст. Оҷилан, обшавии ин пиряхҳо ба селхезӣ меорад, ки бар асари он садҳо ҳазор нафар бе хонаву дар хоҳанд монд.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, гармшавии сартосарӣ ба низоъ ва бархӯрдҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ мебаранд. Маҳз ба ҳамин хотир, Кумитаи ҷоизаи Нобел ба Алберт Гор барои таҳияи филми мустанади «гармшавии сартосарӣ ва паёмади он», ки он вуқӯъи ҷангҳоро пешгӯӣ карда буд, ҷоизаи Нобелро додааст.

Ва ин ҳама тасодум то соли 2100 – 93 сол ба баъд аҳли башарро интизор аст.

Олимон мегӯянд, ягона роҳи раҳоӣ аз варта коҳиши партобҳои гулхонаӣ ба атмосфера аст. Табиатшиносон мегӯянд, агар то соли 2050 партобҳо коҳиш ёбанд, ин ҳама тасодумро метавон рафъ кард ва барои «илоҷи воқеъа қабл аз вуқӯъ» шурӯъ аз ҳамин соат ҳар сокини кӯраи замин бояд ба табиат аз дигар бархӯрд кор гирад ва муҳити зистро покизаву тамиз нигоҳ дорад.

XS
SM
MD
LG