Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони интихоботи зудрас дар Гурҷистон


Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон баъд аз як ҳафтаи тазоҳуроти эътирозии мухолифонаш дар Тифлис изҳор дошт, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар қабл аз муҳлат баргузор хоҳад шуд. Вай 5-уми январи соли 2008-ро рузи интихобот эълон кард. Оқои Саакашвилӣ ҳамчунин эълон кард, ки вазъи фавқ-ул-ъодда дар Гурҷистон ба зудӣ аз миён башдошта хоҳад шуд. Аз 7-уми ноябр ба ин су дар Гурҷистон вазъи фавқ-ул-ъодда идома дорад. Мухолифони давлат эълони интихоботи зудрасро пирузӣ барои мардум арзёбӣ кардаанд. Ҳамзамон ду раҳбари мухолифон барои ҷосусӣ ва омода сохтани табаддулот муттаҳам шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ин ду нафар бо хадамоти махсуси Руссия иртибот доштаанд. Ҳам ҷониби Руссия ва ҳам ҷониби Гурҷистон се нафарӣ дипломатҳои якдигарро ихроҷ кардаанд.

XS
SM
MD
LG