Пайвандҳои дастрасӣ

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 дар минтақаи Осиё имрӯз, 9-уми ноябр, бо дастаи мунтахаби Сингапур дар пойтахти ин кишвар рақобат мекунад.

Ин аввалин бозии футболбозони тоҷик бо сингапуриҳо буда, соати 16-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Бозиҳои дигари сабқати интихобӣ имрӯз миёни дастаҳои Яман ва Таиланд, Индонезия ва Сурия ва 10-уми ноябр байни тимҳои мунтахаби Ҳонконг ва Туркманистон баргузор мешавад.

Бар асоси низомномаи мусобиқот, пас аз бозиҳои даври аввал, 11 тиме, ки дар рейтинги FIFA мавқеъи баландтар доштанд, бидуни бозӣ ба даври севум гузаштанд: Баҳрайн, Узбакистон, Кувайт, Кореяи Шимолӣ, Чин, Урдун, Қатар, Лубнон, Уммон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ироқ.

Панҷгонаи беҳтарини осиёӣ дар рейтинги FIFA – Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саъудӣ, Ҷопон ва Эрон – бидуни мубориза дар даври севум ширкат хоҳанд кард.

Аз миёни 8 дастаи пирӯзи дигари даври аввал, ки рейтингҳои пасттар доранд, чаҳор ғолиби даври дувум ба даври севум роҳ меёбанд.

Тоҷикистон дар рейтинги охирини FIFA дар ҷои 152-вум ва Сингапур дар ҷои 140-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG