Пайвандҳои дастрасӣ

БМТ: Ташвиши мардум сабаби беқурбшавии сомонист


Орд: нарх бину ҳол пурс...

Орд: нарх бину ҳол пурс...

Бонки миллии Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди боло рафтани нархи орду равған ва эҳтимоли иваз шудани арзи миллиро рад кард.

Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ таъкид кард, ки мардум аз гароншавии рӯзафзуни қимати маводди ниёзи аввалия набояд ба ташвиш оянд, зеро ҷиҳати пешгирии болоравии босуръати қимати орду равғану маводди дигари ғизоӣ ҳукумати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ шартнома бастааст ва дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон 800 000 тонна орд ворид хоҳад шуд.

М. Алимардонов ҳамчунин дар мавриди безамина будани овозаи ивазшавии пули миллии Тоҷикистон гуфт, ки сомонӣ барои ҳазорсолаҳо ба муомилот бароварда шудааст ва Бонки миллии Тоҷикистон онро ҳаргиз иваз нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол раиси Бонки миллии Тоҷикистон сабаби аслии гарон шудани қимати орд ва дигар анвоъи ғизоиро ба афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ марбут дониста, ташвиш ва бими мардум дар хусуси гарон шудани қимати баъзе аз навъҳои ғизоро яке аз иллатҳои беқурбшавии пули миллӣ ҳисобид.

Изҳороти бонки миллии кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки ду рӯз қабл мақомоти давлатӣ аз фурӯшандаҳои орд талаб карданд, ки нархи як халтаи 50-килоии орд аз 108 сомонӣ бештар фурӯхта нашавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз як қисми қобили таваҷҷуҳи нуқтаҳои ордфурӯшии шаҳри Душанбе ба хотири арзон нафурӯхтани орд дари дуконҳои худро ба рӯи харидорон баста буданд.

Гуфта мешавад, феълан дар навоҳии атрофии пойтахт қимати 50 кило орд ба 130 сомонӣ расидааст.

XS
SM
MD
LG