Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол: Тоҷикистон – Сурия – 1:1


Ҳамлагари тоҷик Диловари Салоҳиддинзода (№ 11) ҳангоми ҳуҷум

Ҳамлагари тоҷик Диловари Салоҳиддинзода (№ 11) ҳангоми ҳуҷум

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон 8-уми ноябр дар Қатар бозии дувуми худ дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё миёни бозигарони то 19-соларо бо дастаи Сурия бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом дод.

Голҳоро Муҳаммад Абадӣ (Сурия) дар дақиқаи 36-ум ва Нуриддин Давронов дар дақиқаи 67-ум ба самар расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» дастаи Қатар тими Бутанро бо натиҷаи бузурги 13:0 шикаст дод.

Бад-ин тартиб баъди 2 бозӣ дар ин гурӯҳ дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо (5-1), Тоҷикистон дар ҷои аввал ва Сурия (2-1) дар ҷои дувум қарор доранд. Қатар бо 3 имтиёз севум аст.

Пагоҳ, 10-уми ноябр, дастаи Тоҷикистон дар даври севум бо Бутан ва Сурия бо Туркманистон рақобат мекунанд.

Натоиҷи бозиҳои гурӯҳҳои дигар, ки 8-уми ноябр доир гардиданд, ба гунаи зайл аст.

Гурӯҳи «D». Непал - Яман - 0:3, Урдун - Узбакистон – 1:3. Гурӯҳи «Е». Лаос – Мянмар – 3:3, Ҷазоири Молдив - Ҷопон – 0:1. Гурӯҳи «F». Сингапур – Кореяи Шимолӣ - 1:3, Чин –Малайзия – 1:0. Гурӯҳи «G». Австралия – Ветном - 2:0, Индонезия – Кореяи Ҷанубӣ - 0:3.

Дар гурӯҳи «D» Узбакистон бо 6 имтиёз дар ҷои аввал, Яман ва Урдун бо 3-имтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум мебошанд. Дар гурӯҳи «Е» Ҷопон бо 6 имтиёз пешсаф аст. Таиланд бо 3 имтиёз дар радифи дувум қарор дорад. Дар гурӯҳи «F» Чин бо 6 имтиёз ҷои аввал ва Малайзия бо 3 имтиёз ҷои дувумро касб кардаанд. Дар гурӯҳи «G» Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия бо 6-имтиёзӣ пешсафанд.

Дар гурӯҳи «А» баъди ду давр дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 6 имтиёз дар ҷои аввал ва дастаи Ироқ бо 3 имтиёз дар ҷои дувум қарор гирифтаанд.

Дар гурӯҳи «В» бозиҳои даври севум имрӯз баргузор мешаванд. Дар ин гурӯҳ пас аз даври аввал се даста – Эрон, Лубнон ва Уммон – бо 3-имтиёзӣ пешсафанд.

Сабқати интихобии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 19-сола бо ширкати 42 даста дар 7 гурӯҳ сурат гирифтааст.

Бар асоси низомномаи мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин аз миёни тимҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, як дастаи натиҷаи беҳтар нишондода ба давраи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоӣ соли 2008 дар Арабистони Саъудӣ баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG