Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба таҳаввулоти тозаи Гурҷистон


 Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ҳангоми эълони интихоботи зудраси президентӣ.
Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ҳангоми эълони интихоботи зудраси президентӣ.

Бархе аз сарони аҳзоби мухолифи Гурҷистон аз тасмими раисиҷумҳур Михеил Саакашвилӣ дар бобати баргузории интихоботи зудраси президент истиқбол карданд.

Георгий Хаиндрава аз ҷумла гуфт, қобили зикр аст, ки Саакашвилӣ дар чунин марҳилаи душвор тавонист, ба чунин тасмим расад. Раисиҷумҳури Гурҷистон ҳамчунин гуфтааст, ба зудӣ вазъияти фавқулоддаро бекор хоқад кард. Аммо вазъият дар Тифлис ва манотиқи дигари кишвар ҳамоно номуайян боқӣ монда, ҳукумат бо сарони мухолифон вориди гуфтушунид нашудааст ва расонаҳои мустақил ҳаққи фаъолият надоранд.

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки фиристодаи вижаи худ дар Қафқози - Питер Семнебиро барои ошноии наздик бо вазъи Гурҷистон ба Тифлис мефиристад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ки ҳарчанд аз тасмими президенти Гурҷистон истиқбол мекунад, аз рӯйдодҳои ахири Гурҷистон нигарон аст. Раҳбари калисои Гурҷистон Илияи 2 саркӯби мухолифинро аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ маҳкум ва комилан ғайриқобили қабул хондааст.

Порлумони Гурҷистон гуфтааст, президент ҳақ дорад, танҳо барои 48 соат вазъияти фавқулодда эълон кунад. Барои он ки ин дастур ба муддати 15 руз эълон шавад, пуштибонии порлумон зарур аст.

Шореҳон ва сиёсатмадорон чи дар дохили Гурҷистон ва чи дар хориҷ аз он таҳавулоти ахири кишварро гуногун арзёби мекунанд. Бисёриҳо дар бораи бархурди хушунатомези кормандони полис бо эътирозгаронро қайд мекунанд. Омбудсмен ё масъули ҳуқуқи башари Гурҷистон Созар Субарӣ шоҳиди айнии хушунатҳо чунин нақл мекунад: "Полис шаҳрвандони Гурҷистонро дар кучаҳо таъқиб карда хиёбони Руставелиро иҳота кард. Онҳо ба меҳмонхонаҳо ва хонаҳои шахсӣ дохил шуда мардумро мавриди лату куб қарор медодаанд. Инро ман бо чашмони худ дидам ва ба полис иҷозат надодам ба бинои Операи давлатӣ ки мардум дар онҷо норизоятиашонро изҳор мекардаанд ворид шаванд. Ин бидуни шак суистифода аз неру буд, ва ман метавонам озода бигӯям ки имруз Гурҷистон аз як оташаки демократия ба кишваре мубаддал гашт ки дар он ҳуқуқи башар ҳатто дар сатҳи пасттарин ҳимоят намешаванд.”

Аммо таҳлилгари дигари гурҷӣ, донишманд Гига Зедания гуфт, ки аз ин нигоҳи вай, дар сурати таҳдид ба давлатдории Гурҷистон истифодаи нирӯ зидди эътирозгарони зиддиҳкукматӣ як амали муҷоз, вале номатлуб аст.

"Мо бояд дар миёни мафҳумҳои демократия ва давлатдорӣ фарқ гузорем. ҳоло мо на дар бораи демократия сӯҳбат мекунем, бакли дар бораи давлат ҳарф мезанем. Масъала чунин аст: нафароне ҳастанд, ки якпорчагии кишварро бо хатар рӯбарӯ мекунанд. Ин масъала ба демократия ҳеҷ робита надорад. Масъала дар ин аст, ки оё мо як давлати мустақил хоҳем монд ва ё ҳамоно як вилояти Русия хоҳем буд, тавре ки 200 сол будем"

XS
SM
MD
LG