Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти ҷонӣ дар пайи як инфиҷори газ дар Суғд


Дар вилояти Суғд, дирӯз як инфиҷори дастгоҳи гази табиъӣ талафоти зиёди ҷонӣ ба ҷой гузошт. Гуфта мешавад, инфиҷор расо дар соати 14 дар як ширкати хусусии чӯбтарошӣ дар ноҳияи Спитамен рух додааст. Бино бар тасдиқи Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд, дар пайи ин инфиҷор 4 кас – ду корманди ширкати чӯбтарошӣ ва як зану кӯдакаш, ки аз канори корхона мегузаштанд, – кушта шудаанд. Бар тибқи маълумоти қаблӣ, инфиҷор дар натиҷаи истифодаи нодурусти дастгоҳи газ сурат гирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз субҳизуди имрӯз дар шаҳри Душанбе даро пайи як инфиҷор дар бинои истиқоматӣ 2 нафар ба ҳалокат расида буд.

XS
SM
MD
LG