Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мухолифони Покистон ба тазоҳурот


Мухолифини Покистон ният доранд, имрӯз дар наздикиҳои Исломобод як тазоҳуроти серҷамъиятро барпо кунад. Изҳороти мухолифин дар ин замина дар ҳоле садо медиҳад, ки дирӯз раиси ҷумҳурии ин кишвар Парвиз Мушарраф эълон кард, ки то таърихи 15 феврал интихоботи парлумониро баргузор хоҳад кард. Ин талаби аслии мухолифин аст. Раҳбари мухолифин Беназир Бҳутто гуфт, Мушарраф, ки 3 ноябр вазъияти фавқулоддаро ҷорӣ кард, бояд кори аз ин бештарро анҷом диҳад, аз ҷумла қозиҳои боздоштшударо раҳо карда бимонад, ки "Додгоҳи воқеии Олии кишвар" масоили интихоби дубораи ӯро баррасӣ кунад. Аксар додгустарҳое, ки бояд ба қазияи Мушарраф расидагӣ кунанд, бо шумули раиси Додгоҳи Олӣ Ихтиёр Ғадурӣ, дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд .

XS
SM
MD
LG