Пайвандҳои дастрасӣ

Сабқати футболи Тоҷикистон-Сингапур


Имрӯз тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2010, дар шаҳри Куала-Лумпур бо мунтахаби Сингапур қувваозмоӣ мекунад. Қаблан, футболбозони тоҷик ягон маротиб бо ҳамтоён сингапурии худ вонахӯрдаанд. Аммо маҳз дар майдонҳои футболи Сингапур соли гузашта тими ҷавонони Тоҷикистон роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни ҷавононро ба даст оварда буд. Коршиносон мегӯянд, нерӯи ин ду даста тақрибан якгуна аст, аммо дар рейтинги ФИФА – федератсиюни футболи ҷаҳонӣ, мавқеи Сингапур беҳтар аст. Дар ҳоле ки тими Тоҷикистон дар ин феҳраст мақоми 152-юмро ишғол мекунад, дастаи ҳарифи ӯ - Сингапур дар зинаи 140-ум қарор дорад. Тоҷикистон дар бозии қабли бар дастаи Бангладеш бо ҳисоби умумии 6 бар 1 пирӯз омада буд. Бозии ҷавобии мунтахабҳои Тоҷикистону Сингапур 18-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ғолиби ин ҷуфт ба бозиҳои гурӯҳӣ роҳ меёбад ва бо дастаҳои қавитари қора, чун Австралиё, Эрон, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ барои дарёфти роҳхат ба Мусобиқоти ҷаҳонии футбол, ки соли 2010-ум дар Африқои ҷанубӣ доир мешавад, вориди рақобат мегардад.
XS
SM
MD
LG