Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил хостори истеъфои Ал-Бародаӣ шуд


Муовини нахуствазири Исроил Шоул Мофаз аз Муҳаммад Ал-Бародаӣ, раиси оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ даъват кард, ки аз вазифаи худ истеъфо диҳад. Мофаз гуфт, ки Ал-Бародаӣ ба ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон чашм мепӯшанд. Изҳороти вай чанд рӯз пеш аз нашри гузориши нави Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон садо медиҳад. Ҳафтае пеш оқои Ал-Бародайӣ гуфтааст, ки ин оҷонс далели онро надорад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи тавлиди силоҳи ҳастаӣ мебошад. Изҳороти вай боиси интиқодҳои шадиди Амрикову Фаронса шуд.

XS
SM
MD
LG